Рӯзи дониш: Ҷашни маърифат ва ваҳдат дар Тоҷикистон.
1-уми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи дониш бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо оғози соли нави таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишгоҳҳост, балки як ҷашни муҳими фарҳангӣ ва иҷтимоист, ки рамзи донишомӯзӣ, ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар мебошад. Дар ин рӯз хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорон бо умеди нав ба ояндаи дурахшон ба муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд, ва дарси сулҳ, ки ба арзишҳои ваҳдату оромӣ бахшида шудааст, ин рӯзро боз ҳам хотирмон мегардонад.
Рӯзи дониш дар Тоҷикистон пас аз истиқлолияти кишвар дар соли 1991 ҳамчун як ҷашни расмии маориф эълон гардид. Ин рӯз бо оғози соли таҳсил ва баргузории дарси сулҳ алоқаманд аст, ки ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, сулҳ ва масъулиятшиносӣ нигаронида шудааст. Дар заминаи таърихии Тоҷикистон, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ гузаштааст, дарси сулҳ аҳамияти хоса дорад, зеро он ба наврасон арзиши сулҳу ваҳдатро меомӯзонад. Тибқи анъана, роҳбарияти давлат, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чорабиниҳои тантанавии ин рӯз ширкат варзида, бо суханрониҳои худ аҳамияти маорифро барои пешрафти миллат таъкид мекунанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадашон донишро “Асоси рушди устувори кишвар” меноманд ва ҷавононро ба омӯзиши илмҳои даққиқ, муосир, аз қабили технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, даъват менамоянд.
Рӯзи дониш як рӯйдоди муҳимест, ки чанд ҳадафи асосиро дар бар мегирад. Аввалан, дарси сулҳ, ки дар ин рӯз дар тамоми муассисаҳои таълимӣ баргузор мегардад, ба хонандагон ва донишҷӯён аҳамияти сулҳ, ваҳдат ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ҳифзи истиқлолияти кишварро мефаҳмонад. Сониян, ин рӯз наврасонро ба донишомӯзӣ, омӯзиши фанҳои муосир ва тайёрӣ барои бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҳавасманд мекунад. Чорабиниҳои идонаи ин рӯз, аз қабили барномаҳои фарҳангӣ, ба намоиши анъанаҳои миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ мусоидат мекунанд.
Рӯзи дониш аҳамияти маорифро ҳамчун асоси пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар таъкид мекунад. Дарси сулҳ дар ҳамаи мактабҳо ва донишгоҳҳо ба таърихи Тоҷикистон баҳри ҳифзи оромии кишвар бахшида шуда, ба хонандагон дарси садоқат ва ватандӯстиро меомӯзонад. Инчунин, дар ин рӯз аксар вақт мактабҳо, китобхонаҳо ва синфхонаҳои нав кушода мешаванд, ки нишонаи талошҳои давлат барои рушди маориф аст.
Муваффақияти таҷлили Рӯзи дониш аз ҳамкории зич байни ниҳодҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа вобаста аст. Дар доираи барномаҳои давлатӣ, дар бораи “Барномаи давлатии рушди маориф то соли 2030”, садҳо мактаби нав сохта шуда, сатҳи таҳсил боз ҳам беҳтар мегардад. Омӯзгорон бо таълими босифат ва тарбияи насли наврас дар ташаккули ҷомеаи донишманд нақши калидӣ доранд.
Рӯзи дониш барои ҳар як фарди тоҷик сусусан хонандагон ва ҷавон рамзи оғоз, масъулият ва умеди нав аст. Илму дониш пояи асосии пешрафти миллат ва давлат буда, танҳо бо маърифат метавонем ояндаи дурахшонро бисозем. Пас, биёед ҳамеша талош кунем, ки донишро сармашқи зиндагии худ қарор диҳем ва бо илму маърифат худ Тоҷикистони азизамонро ба қуллаҳои нави комёбӣ расонем.
Шарифзода А.- Лабаранти калони шӯъбаи муайянкунии маводҳои
таъиноташон дуҳадафа ва назорати содироти маводди ХБРЯ